Феврал 25, 2020 12:51 Asia/Dushanbe
  • Мамнӯъ шудани сафари шаҳрвандони ироқӣ ба Эрон то 6 март

Сафорати Эрон дар Бағдод, сафари шаҳрвандони ироқӣ ба Эрон то 6 март мамнӯъ аст.

Ба нақл аз Форс, дар пайи шуюи коронавирус дар Эрон, Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Бағдод эълом кард, ки бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти саломати умумӣ ва зарурати ҳифзу сиёнат аз амнияти тандурустии шаҳрвандони Эрон ва Ироқ, сафари шаҳрвандони ироқӣ ба Эрон то таърихи 16 исфанд баробар бо 6 марти 2020 мамнӯъ хоҳад буд.

Дар пайи шуюи коронавирус дар Эрон бархе аз кишварҳои ҳамсоя иқдом ба бастани марзҳои худ бо Эрон карданд. Дар ҳамин замина низ сайид Аббоси Мусавӣ- сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон ин иқдомот аз сӯи кишварҳои ҳамсояро иқдомоти пешгиронаи муваққат хонд ва афзуд, мо ҳам дар бархе маворид дар баҳси визаҳо ба шаҳрвандони хориҷӣ фикр кардайсодем, ки коҳиш ёбад ва табиатан тарафҳои муқобил низ ҳамингуна аст.

Мусавӣ афзуд, умедворем бо суръат ва ҷиддияте, ки дар кори мубориза бо коронавирус дар кишвари мо шуруъ шуда ба зудӣ шоҳиди раванди маъкуси ибтило ба ин беморӣ бошем ва битавонем хабари хушро ба мардуми Эрон ва кишварҳои ҳамсоя бидиҳем ва итминон бидиҳем, ки хатаре мутаваҷҷеҳи онҳо нахоҳад шуд.