Сентябр 30, 2016 20:35 Asia/Dushanbe
  • Созмони милал боз ҳам аз ҷиноёти саудӣ дар Яман чашмпӯшӣ кард

Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милал бори дигар ба далели лоббигарии подшоҳии Саудӣ аз иҷрои таҳқиқоти мустақил дар бораи иқдоми Арабистони Саудӣ дар нақзи ҳуқуқи башари яманиҳо боз‌монд.

Ба гузориши Пресс ТВ, пештар Зайд Раъд Алҳусайн, комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони милал ва теъдоде аз аъзои Иттиҳоди Аврупо, хостори таҳқиқи мустақил ва байналмилалӣ дар бораи мавориди нақзи ҳуқуқи башар дар ҳамлаи мутаҷовизони эътилофи таҳти амри Саудӣ ба кишвари фақири Яман шуданд.

Бо ин ҳол, Шӯрои 47 узвии ҳуқуқи башари Созмони милал рӯзи панҷшанбе ба иттифоқи оро пешнависи қатъномаеро ба тасвиб расонд, ки Судон онро пас аз чанд рӯзи музокираи пушти парда дар Женеваи Швейтсария таҳия карда ‌буд. Ин пешнавис нусхаи заифшудаи дархости пешин барои таҳқиқи мустақил дар бораи мавориди нақзи ҳуқуқи башар дар ҳамлаи мутаҷовизони эътилофи таҳти амри Саудӣ ба Яман маҳсуб ме‎шуд.

Ин қатънома аз Созмони милал мехоҳад то ба иҷрогаронаш дастур диҳад, ки таҳқиқоти комиссиюни миллиро такмил карда ва мавориди нақзи ҳуқуқи башар ба дасти ҳамаи тарафҳои даргир дар Яманро сабт кунанд.

Ин қатънома бо вокуниши манфии фаъолони ҳуқуқи башар ва созмонҳои байналмилалӣ рӯбарӯ шудааст.