Феврал 26, 2020 13:49 Asia/Dushanbe
  • Ба ҳалокат расидани шуморе аз саркардагони ДОИШ дар Ироқ

Нерӯҳои ироқӣ 39 террорист, аз ҷумла шуморе аз саркардагони муҳими ДОИШро дар кӯҳҳои "Алхонука" дар устони Салоҳуддин ба ҳалокат расонданд.

Ба гуозориши ИРНА, дар амалиёти террористии нерӯҳои ироқӣ, илова бар ба ҳалокат расидани шуморе аз саркардагони гурӯҳи террористии ДОИШ, як анбори муҳиммот, шомили миқдори зиёде силоҳ ва асноди бисёре ба дасти нерӯҳои ироқӣ афтод.

Нерӯҳои ироқӣ аз чанде қабл ба сурати густурда амалиёти зиддитеррористии зидди аносири боқимонади ДОИШ дар манотиқи мухталифи ин кишвар оғоз кардааст.

Бо вуҷуди шикасти гурӯҳи террористии ДОИШ, ҳанӯз шуморе аз аъзои ин гурӯҳи террористӣ дар манотиқи мухталифи Ироқ ҳузур доранд ва ба сурати парканда иқдоми террористӣ анҷом медиҳанд.

 

Барчасп