Феврал 29, 2020 20:48 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии Эрдуғон аз даргирии низомии Туркия бо Русия дар Сурия

Раисиҷумҳури Туркия дар изҳороте, ки нишон аз эҳтимоли рӯёрӯии низомии ин кишвар бо Русия дар Сурия дорад, хитоб ба раҳбарони Маскав гуфт, аз сари роҳи нерӯҳои Туркия дар Идлиб канор биравед.

Ба нақл аз Форс, Раҷаб Тайиб Эрдуғон рӯзи шанбе муддаӣ шуд, Русия дар талош аст бо дастовез қарор додани вазъият дар Идлиби Сурия, дар умури Туркия дахолат кунад.

Раисиҷумҳури Туркия дар идома муддаӣ шуд, ки Анкара ба дунболи нафт ва тасарруфи заминҳои Сурия нест, балки мехоҳад амнияти милли Туркияро таъмин ва ҳифз кунад, аммо Русия дар баробараш қарор гирифтааст.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон ҳамчунин иддао кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Туркия ба даъвати мардуми Сурия вориди ин кишвар шудаанд на давлати Сурия пас дар ин кишвар боқӣ хоҳанд монд.

Раисиҷумҳури Туркия дар айни ҳол эътироф кард, ки бар асари ҳамлаҳои артиши Сурия ба мавзеъҳои артиши ин кишвар дар Идлиб 36 низомии Туркия кушта шуданд.

Дар ҳамин ҳол Ёшор Ёкиш, вазири умури хориҷаи пешини Туркия таъкид кард, ки Анкара ба дунболи сарнагнуии давлати қонунии Башор Асад раисиҷумҳури Сурия аст.

Сурия беш аз ду моҳ аст, ки поксозии вилояти Идлиб аз террористҳоро оғоз карда, аммо давлати Анкара, ки мухолифи ин иқдом аст, ба баҳонаи мубориза бо терроризм, бахшҳое аз хоки Сурияро ишғол кардааст.

Ин иқдом бо эътирози шадиди Димишқ ва мардуми Сурия рӯбарӯ шудааст.

 

Барчасп