Март 01, 2020 20:22 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Русия бар озодии коркунони Спутник дар Туркия

Вазорати умури хориҷаи Русия бо интиқод аз боздошти коркунони хабаргузории Спутник дар Туркия, зимни таъкид бар озодии фаврии онҳо, ин иқдмро нақзи ошкори ҳуқуқи рӯзноманигорон донист.

Ба гузориши рӯзи якшанбеи ИРНА, дар баёнияи Вазорати умури хориҷаи Русия омадааст: Ду рӯз пеш чанд тан аз шаҳрвандони мӯътаризи Туркия ба сохтмони Спутник ҳамла карданд ва шиорҳои таҳдидомез сар доданд, ба шакле ки хабарнигорони ин рӯзнома ба шиддат нигарони вазъияти худ шуданд.

Дар идомаи ин баёния навишта шудааст:

Аз асри дирӯз хабарнигорони мо дар ихтиёри нерӯҳои амниятии Туркия қарор доранд ва имкони барқарории иртибот бо онҳо то ин лаҳза мумкин набудааст.

Вазорати умури хориҷаи Русия дар поёни баёнияи худ аз мақомоти Туркия хостааст, ки ба ин мавзӯъ расидагӣ карда ва амнияти намояндагони расонаии Русия дар ин кишварро ҳифз кунад.

 

 

Барчасп