Сарнагунии се паҳподи Туркия+видео
Артиши Сурия то кунун се паҳподи Туркияро дар шимолу шарқи ин кишвар соқит кардааст.
Ба нақл аз Хабаргузории садо ва симо, фармондеҳии кулли артиш ва нерӯҳои мусаллаҳи Сурия осмони минтақаи шимолу ғарби кишварро минтақаи баста эълом кард ва ҳушдор дод, ҳар парандае, ки дар ин минтақа ба парвоз дарояд ҳадаф қарор мегирад.
Ин маркази фармондеҳӣ таъкид кард, осмони шимолу ғарби кишвар ба вижа осмони Идлиб ба рӯи ҳар ҳавопаймое бастааст ва парвози ҳар ҳавопаймо ё паҳпод дар ин минтақа парвоз бо ҳадафҳои душманона арзёбӣ мешавад, ки бояд ҳадаф қарор гирад.
Фармондеҳии кулли артиш ва нерӯҳои мусаллаҳи Сурия идома дод, ин ҳушдор бар асоси тааҳудоти артиш дар анҷоми вазифаҳои қонунӣ ва миллӣ барои дифоъ аз ҳаққи ҳокимияти кишвар ва пуштибонӣ аз амният ва саломати заминии он аст.