Март 03, 2020 10:31 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани як низомии дигари Туркия дар Идлиби Сурия

Як низомии дигари туркияӣ дар Идлиби Сурия кушта шуд.

Ба нақл аз Форс, Вазорати дифои Туркия рӯзи душанбе эълом кард, ки як низомии ин кишвар дар Идлиб кушта шуда ва як нафари дигар низ маҷруҳ шудааст.

Бар асоси эъломи Вазорати дифои Туркия, ин низомӣ дар пайи тирборони Идлиб тавассути артиши Сурия кушта шудааст.

Рӯзи гузашта як мақоми Сурия таъкид кард, ки Сурия ҳамчунон бо гурӯҳҳои террористӣ мубориза мекунад, ононро шикаст медиҳад ва қасд дорад бо таҷовузи ошкори Туркия бо қотеият муқобила кунад ва пеши тамомии мудохилаҳои Туркияро барои ҳифзи тамомияти заминии худ бигирад.

Ин манбаъ бо баёни инки сарнавишти таҷовузи Туркия, шикасти ҳатмӣ аст, хотирнишон кард, ин таҷовузи Анкара барои эҳё ва наҷоти гурӯҳҳои террористӣ аст.

 

Барчасп