Истеъфои Тавфиқ Алловӣ; илалу паёмад
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i51446-Истеъфои_Тавфиқ_Алловӣ_илалу_паёмад
Муҳаммад Тавфиқ Алловӣ, нахуствазири мукаллафи Ироқ дар охирин соъоти мӯҳлати қонунӣ барои ташкили кобина, истеъфои худро тақдими Барҳам Солеҳ, раисҷумҳури ин кишвар кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 03, 2020 11:31 Asia/Dushanbe
  • Истеъфои Тавфиқ Алловӣ; илалу паёмад

Муҳаммад Тавфиқ Алловӣ, нахуствазири мукаллафи Ироқ дар охирин соъоти мӯҳлати қонунӣ барои ташкили кобина, истеъфои худро тақдими Барҳам Солеҳ, раисҷумҳури ин кишвар кард.

Ироқ аз якуми октябр шоҳиди тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ буд. Ин тазоҳурот, ки решаи маишатӣ ва иҷтимоӣ дошт, бо мудохилаи хориҷӣ ва хиёнати ҷараёнҳои душман ва инҳирофи дохилӣ, ба хушунатҳои хиёбонӣ табдил шуд. Одил Абдулмаҳдӣ, нахуствазири вақт дар вокуниш ба хушунатҳои хиёбонӣ аз симати худ истеъфо дод ва аз якуми декабр то кунун ба унвони нахуствазир пешбурди умур ба фаъолияти худ идома дод. Пас аз фарозу нишеби фаровон ва эъломи номҳои зиёд барои нахуствазирии Ироқ, ниҳоятан Барҳам Солеҳ якуми феврали 2020 Муҳаммад Тавфиқ Алловиро ба унвони нахуствазири ҷадид мукаллаф ба ташкили кобинаи ҷадид кард. Алловӣ дар фурсати якмоҳа муваффақ ба ташкили кобинаи ҷадид нашуд ва истеъфои худро тақдими Барҳам Солеҳ кард.

Суоли муҳим ин аст, ки чаро Тавфиқ Алловӣ муваффақ ба ташкили кобинаи нав нашуд?

Таҳаввулоти Ироқ, ба хусус дар як ҳафтаи ахир нишон медиҳад, ки аз як сӯ ин кишвар бо гузашти як садсола аз истиқлол, ҳанӯз аз мероси истеъмор ранҷ мебарад ва аз сӯи дигар бо вуҷуди ноамнӣ ва хушунатҳои 5 моҳа, ҳанӯз гурӯҳҳои сиёсӣ манофеи фирқаии худро аз манофеи миллӣ боло мегузоранд ва асосан дар Ироқ ҳувияти миллӣ дар муқобили ҳувияти хӯрдамиллӣ ранг бохтааст.

Сохтори ҷамъиятӣ ва сиёсии Ироқ маҳсули сиёсатҳои истеъмори Британия аст. Гурӯҳҳои курд, шиа ва аҳли суннат бо вуҷуди таорузҳо ва ихтилофҳои зиёд, дар даруни ҷуғрофиёи Ироқ қарор гирифтаанд ва дар сад соли ахир ҳамвора таоруз ва тазод бар равобити миёни онҳо ва низоъ барои қудрат миёни онҳо вуҷуд доштааст. Ин вазъият акнун низ дар Ироқ дида мешавад ва гурӯҳҳои ироқӣ бо ҳадафи касби курсиҳои бештар ё курсиҳои муҳимтари вазорат эъмоли фишори зиёде бар Тавфиқ Алловӣ карданд ва амалан дар ҷиҳати раъйи эътимод ба кобинаи вай ҳаракат накарданд. Дар воқеъ, гурӯҳҳои ироқӣ бидуни дар назар гирифтани шароити ҳассоси кунунии ин кишвар, манофеи миллиро нодида гирифтанд.

Муҳаммад Тавфиқ Алловӣ низ дар матни номаи истеъфои худ, ки тақдими Барҳам Солеҳ, раисҷумҳури Ироқ кард, фишорҳои бархе аҳзоб бар вай барои касби манофеи ҳизбӣ ва шахсӣ ва на миллиро омили ин истеъфо баршумурдааст.

Суоли  муҳими дигар ин аст, ки паёмадҳои нокомӣ дар ташкили кобинаи ҷадид чист?

Муҳимтарин паёмади истеъфои Тавфиқ Алловӣ ин аст, ки даврони пешбурди умур низ поён ёфта ва барои нахустин бор раисҷумҳури Ироқ ҳамзамон пости нахуствазириро низ бар ӯҳда мегирад. Нуктаи дигар ин аст, ки раисҷумҳур бояд тайи 15 рӯз нахуствазири ҷадидро муаррифӣ кунад.

Сайидризо Ғуробӣ, коршиноси масоили Ироқ дар ин хусус мегӯяд: “Акнун раисҷумҳур ба таври муваққат ихтиёроти нахуствазирро дар ихтиёр хоҳад гирифт то дар арзи ду ҳафта шахсан ва бидуни ниёз ба фраксиюни бузургтари парлумонӣ, нахуствазирро шахсан номзад кунад”.

Муаррифии нахуствазири ҷадид, ки ҳам мавриди қабули муътаризон бошад ва ҳам битавонад аз парлумон раъйи эътимод бигирад, иқдоме сахт дар Ироқ аст.

Илова бар ин, бо нокомии Тавфиқ Алловӣ дар ташкили кобинаи ҷадид, эҳтимоли бозгашти муътаризон ба хиёбонҳо ва ҳамчунин бозгашти муҷаддади хушунатҳои хиёбонӣ вуҷуд дорад. Дар ҳоле, ки бар хилофи моҳҳои қабл акнун Ироқ ба короновирус низ мувоҷеҳ аст.