Март 07, 2020 17:23 Asia/Dushanbe
  • Карантини беш аз ҳазор низомии исроилӣ ба далели шуюи коронавирус

Ҳамзамон бо густариши мубталоён ба коронавирус дар Фаластини ишғолӣ, шумори мубталоён ба ин вирус ба 21 нафар расид ва артиши режими саҳюнистӣ аз карантини беш аз ҳазор низомии машкук ба ибтило ба коронавирус хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ҳоле, ки  нигаронӣ аз густариши коронавирус дар остонаи таътилоти  Иди пурим дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин афзоиш ёфтааст, ҳудуди 80 ҳазор нафар аз саҳюнистҳо худро дар карантини хонагӣ қарор доданд.

Дар миёни 21 тан аз ашхоси мубтало ба ин вирус дар сарзаминҳои ишғолӣ, бархе дар артиши режими саҳюнистӣ шоғил будаанд.

Ҳамчунин сухангӯи артиши режими саҳюнистӣ эълом кард, ҳазору 262 сарбози машкук ба ибтилои коронавирус дар карантин қарор дода шудаанд.

Ба дунболи афзоиши нигарониҳо аз афзоиши мубталоён ба коронавирус дар артиши режими саҳюнистӣ, Авию Кухавӣ, раиси Ситоди муштараки артиши ин режим эълом кард, ба иллати пешгирӣ аз интишори ин вирус сарбозон дар замон хидмат ҳаққи хуруҷ аз марзҳоро надоранд.

Исроил Катс-вазири умури хориҷаи режими саҳюнистӣ низ рӯзи ҷумъа ҳушдор дод, коронавирус дар сарзаминҳои ишғолӣ дар остонаи шуюи густарда аст ва ин режим қодир ба контроли он нахоҳад буд.