Коронавирус ба Туркия ҳам расид
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i51684-Коронавирус_ба_Туркия_ҳам_расид
Вазири беҳдошти Туркия сешанбешаб аз ибтилои як шаҳрванди ин кишвар ба коронавирус хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 11, 2020 08:49 Asia/Dushanbe
  • Коронавирус ба Туркия ҳам расид

Вазири беҳдошти Туркия сешанбешаб аз ибтилои як шаҳрванди ин кишвар ба коронавирус хабар дод.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, Фахриддин Куха эълом кард: Як шаҳрванди Туркия, ки бо нишонаҳои таби боло ва сурфа ба маркази дармонӣ муроҷиа кардааст, тести коронааш мусбат эълом шудааст.

Вазири беҳдошти Туркия вазъи саломатии ин беморро хуб тавсиф карду афзуд: Хонаводаи ин фард ва афроде, ки бо ӯ тамос доштаанд, таҳти назорат қарор дорад.

Ин нахустин мавриди тасдиқшудаи ибтило ба коронавирус дар Туркия аст.