Март 11, 2020 21:57 Asia/Dushanbe
  • Захмӣ шудани даҳҳо фаластинӣ дар ҳамлаи низомиёни саҳюнист

Даҳҳо фаластинӣ бар асари юриши низомиёни саҳюнист ба манотиқе дар Каронаи бохтарии рӯди Урдун захмӣ шуданд.


Чиҳил мошини низомии режими саҳюнистӣ субҳи имрӯз - чаҳоршанбе ба минтақаи Ҷабалуларма дар шимоли Каронаи бохтарӣ юриш бурданд.

Низомиёни саҳюнист, ки бо муқовимати мардуми Фаластин мувоҷеҳ шуданд, ба самти фаластиниён тирандозӣ карданд, ки дар ин ҳамалот даҳҳо нафар аз шаҳрвандони фаластинӣ захмӣ шуданд.

Дар пайи ҳамалоти низомиёни режими саҳюнистӣ ба Каронаи бохтарӣ, ду хабарнигор низ захмӣ шуданд.

Садҳо шаҳрванди фаластинӣ сешанбешаб бо ҳадафи муқобила бо талошҳои шаҳракнишинони саҳюнист барои вуруд ба минтақаи Ҷабалуларма, дар ин минтақа гирдиҳам омаданд.

Саҳюнистҳо қасд доранд як минтақаи бостониро дар қуллаи Ҷабалуларма ишғол кунанд.

Режими ишғолгари Исроил барои таҳти фишор қарор додани фаластиниён, иқдом ба мусодира ва тахриби заминҳо ва сохтмонҳои онон мекунад то шаҳракҳои саҳюнистнишинро дар сарзаминҳои ишғолӣ густариш диҳад.

 

 

Барчасп