Таълиқи ҳамкории фармондеҳии амалиёти муштараки Ироқ бо эътилофи амрикоӣ
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i51810-Таълиқи_ҳамкории_фармондеҳии_амалиёти_муштараки_Ироқ_бо_эътилофи_амрикоӣ
Фармондеҳии амалиёти муштараки Ироқ аз таълиқи ҳамкорӣ бо эътилофи амрикоии мавсум ба "зидди ДОИШ", ба далели ҳамлаи ахири ин эътилоф ба нерӯҳои низомии ироқӣ хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 15, 2020 19:22 Asia/Dushanbe
  • Таълиқи ҳамкории фармондеҳии амалиёти муштараки Ироқ бо эътилофи амрикоӣ

Фармондеҳии амалиёти муштараки Ироқ аз таълиқи ҳамкорӣ бо эътилофи амрикоии мавсум ба "зидди ДОИШ", ба далели ҳамлаи ахири ин эътилоф ба нерӯҳои низомии ироқӣ хабар дод.

Таҳсин Алхафоҷӣ, сухангӯи фармондеҳии амалиёти муштараки Ироқ дар гуфтугӯ бо пойгоҳи хабарии "Алмаълума" гуфт, фармондеҳии амалиёти муштараки Ироқ, ҳамла ба нерӯҳои низомии расмии ин кишварро иқдоме хасмона медонад.

Алхафоҷӣ афзуд: Дар паи ин таҷовуз, ҳамкорӣ бо эътилофи байналмилалӣ мутаваққиф ва ба ҳоли таълиқ дармеояд.

Вай таъкид кард, ки ҳеҷ тарафе масъулияти ҳамла ба пойгоҳи низомии "Алтоҷӣ"-ро бар ӯҳда нагирифтааст.

Пойгоҳи "Алтоҷӣ" чоршанбеи гузашта ҳадафи исобати ҳадди ақал 10 мушак (катюша) қарор гирифт, ки як низомӣ ва як паймонкори амрикоӣ ва як англисӣ кушта ва 12 нафар маҷрӯҳ шуданд.