Март 18, 2020 19:38 Asia/Dushanbe
  • Иқдоми яҳудисозии дигар аз сӯи режими саҳюнистӣ дар ҷануби шарқи Қудс

Мақомоти режими саҳюнистӣ сохти девори бетонӣ дар ҷануби шарқи шаҳри Қудсро бо ҳадафи эҷоди хиёбонӣ барои муттасил кардани шаҳракҳои исроилӣ оғоз карданд.

Ба гузориши ИСНО, Росим Убайдот, фаъол ва таҳлилгари сиёсӣ хотирнишон кард, булдозерҳои мутааллиқ ба саҳюнистҳо дар минтақаи Ҷабалуламкабр, сохти ин девори нажодпарастонаро оғоз кардаанд.

Убайдот дар идома афзуд. ин девор заминасози иттисоли шаҳракҳои Гилу, Ҷвфвъот Ҳимматус ва Ҳор Ҳумоҳ, воқеъ дар ҷануби шаҳри Қудс аст ва онҳоро аз шаҳри Байтулаҳм ва ҷануби Каронаи бохтарӣ ҷудо мекунад.

Вай ҳамчунин тасреҳ кард, ин иқдом шаҳракҳои дохили ин деворро ба шаҳракҳои воқеъ дар пушти ин девор муттасил мекунад ва дар чорчӯби яҳудисозии шаҳри Қудс ва қарор додани ин шаҳр ба унвони пойтахти ин давлати ишғолгар сурат мегирад.

Ин таҳлилгари сиёсӣ афзуд, саҳюнистҳо мехоҳанд, ки аз тарҳи ба истилоҳ сулҳи Амрико мавсум ба «муомилаи қарн» сӯиистфодаи сиёсӣ кунанд ва дар натиҷа илҳоқи бахши васее аз Фаластин бо ҷамъияти камтарро қонунӣ ҷилва диҳанд.

Фаластиниён бо тарҳи “муомилаи қарн”, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико аз он дар моҳи январи гузашта рӯнамоӣ кард, мухолифанд ва мегӯянд, ки Қудси шарқӣ, ки Исроил дар соли 1967 онро ишғол кард, пойтахти ояндаи Фаластин аст.