Март 18, 2020 19:49 Asia/Dushanbe
  •  Қарантинаи ду вазири режими саҳюнистӣ ва ду узви кнессет

Ду вазири режими саҳюнистӣ ва ду узви Кнессет қарантина шуданд.

Ба гузориши Исна, рӯзномаи ибризабони “Идиъот Аҳоронот” навишт, Ария Даръи, вазири умури дохилӣ, Зоҳи Ҳангби, вазири умури ҳамкории минтақаӣ, Ром бин Барок ва Алун Шустар, ду узви кнессет ба қарантина рафтанд.

Ин рӯзнома афзуд, ин ашхос ахиран бо раиси шӯрои шаҳраки Марҳофем, ки ба вируси круно мубтало шуда, тамос ва таомул доштаанд.

Дар пайи интишори ин хабар шабакаи “Скай нюз” и арабӣ гузориш дод, аъзои дигари кнессет низ таҳти муоинаи пизишкӣ қарор хоҳанд гирифт.

Тибқи омори расмии Вазорати беҳдошти режими саҳюнистӣ, ки имрӯз (чаҳоршанбе) мунташир шуд, теъдоди мубталоён ба вируси крунои ҷадид тайи 24 соати гузашта аз 337 маврид ба 427 маврид афзоиш доштааст.