Март 30, 2020 12:49 Asia/Dushanbe
  • Рӯзи замини Фаластин; 44 сол пас аз ҷинояти 1976-и Исроил

30 марти 2020 баробар бо чиҳилу чаҳорумин солгарди Рӯзи замини фаластиниҳо аст.

Мақомҳои исроилӣ рӯзи 30 марти соли 1976 ҳазорон гектар аз заминҳои фаластиниён дар минтақаи Алҷалил воқеъ дар шимоли Фаластини ишғолиро мусодира карданд. Дар пайи ин иқдоми ҷинояткорона, мардуми Фаластин ба даст кашидан аз ғизо ва тазоҳуроти эътирозомез даст заданд.

Эътирози фаластиниҳо ба иқдоми ғосибонаи Исроил дар Фаластини ишғолӣ ба даргириҳои шадид байни онҳо ва низомиёни исроилӣ анҷомид, ки дар ин даргириҳо 6 фаластинӣ бо хурдани тири ишғолгарон ба шаҳодат расида ва ҳазорон нафари дигар захмӣ шуданд.

Бар ин асос, мардуми Фаластин ҳам дар Каронаи Бохтарӣ ва ҳам дар борикаи Ғазза ва ҳатто дар урдугоҳҳои оворагон ҳарсола рӯзи 30 мартро бо ҳадафи посдошти шаҳидони соли 1976 гиромӣ дошта ва тазоҳуроти зидди исроилӣ дар ин рӯз баргузор мекунанд.

Чиҳилу чаҳорумин солгарди Рӯзи замин дар ҳоле фаро расид, ки ду тафовути асосӣ бо солҳои гузашта дорад.

Тафовути нахуст ин аст, ки барои нахустин бор тазоҳуроти мардуми Фаластин дар ин рӯз баргузор намешавад зеро коронавирус ҳам дар Фаластини ишғолӣ шуюъ пайдо карда ва баргузории ҳар навъ таҷаммӯе низ бо ҳадафи ҳифозат аз ҷони мардум мамнӯъ эълом шуд.

Тафовути дуввум ин аст, ки чиҳилу чаҳорумин солгарди Рӯзи замин ду моҳ пас аз рӯнамоии Доналд Трамп аз тарҳи нажодпарастонаи Муомилаи қарн аст. Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико рӯзи 28 январи 2020 бо ҳузури Бенямин Натанияҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ дар Кохи Сафед аз тарҳи Муомилаи қарн рӯнамоӣ кард.

Муҳиммтарин буъди ин тарҳи нажодпарастона, буъди ҷуғрофиёӣ аст. Дар воқеъ, дар ин тарҳ замини мутааллиқ ба фаластиниҳо ба режими саҳюнистӣ вогузор шуд, ки аз ҷумлаи он вогузории комили Қудс ва ҳамчунин вогузории 30 дарсад аз Каронаи Бохтарӣ ба ин режим аст.

Номгузории 30 март ба унвони Рӯзи замин, таъкиде бар дифои мардуми Фаластин аз тамомияти арзӣ ва муқовимат дар муқобили ишғоли заминашон тавассути режими Исроил аст. Ин таъкид ба аҳамияте аст, ки мардуми Фаластин рӯзи 30 март 2018-ро ба унвони нахустин рӯзи тазоҳуроти мавсум ба «ҳаққи бозгашт» баргузиданд. Дар нахустин рӯзи тазоҳуроти "ҳаққи бозгашт", ки 30 март ба муносибати Рӯзи замин дар борикаи Ғазза баргузор шуд, 16 фаластинӣ шаҳид ва беш аз 1500 нафар низ захмӣ шуданд.

Нуктаи дигар ин аст, ки 44 сол пас аз ҷинояти режими ишғолгари саҳюнистӣ алайҳи Фаластин ва тасоҳуби ҳазорон гектар аз замини фаластиниҳо, режими саҳюнистӣ акнун 85 дарсад аз хоки Фаластини таърихиро таҳти ишғоли худ дорад.

Бо ишғоли 85 дарсад аз ҷуғрофиёи Фаластин, таркиби ҷамъиятии манотиқи ишғолӣ низ тағйири зиёде кардааст. Созмони марказии омори Фаластин дар гузорише ба муносибати чиҳилу чаҳорумин солгард Рӯзи замин эълом кард: Шумори шаҳракнишинон дар Каронаи Бохтарӣ ба 671 ҳазор нафар то поёни соли  2018 расидааст. Мутобиқи ин гузориш, дар Каронаи Бохтарӣ нисбати ҷамъияти шаҳракнишинон ба ивази ҳар яксад фаластинӣ 23 шаҳракнишин аст дар ҳоле, ки дар устони Қудс ба ивази ҳар яксад фаластинӣ 70 шаҳракнишин сокин аст. Ба иборати дигар, тамаркузи режими саҳюнистӣ бар устони Қудс буд чаро, ки дарсадад буд Қудсро ба таври комил ишғол кунад, мавзӯе, ки дар тарҳи Муомилаи қарн ба навъе амалӣ шуд зеро Трамп Қудсро ба таври комил ба режими саҳюнистӣ вогузор кард.

Нуктаи поёнӣ ин аст, ки раванди ба шиддат болои ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ алайҳи фаластиниҳо аз ҷумла кӯчак шудани ҷуғрофиёи Фаластин беш аз ҳама бархоста аз ду омил аст. Яке аз ин иллал, ҳимояти ҳамаҷонибаи Амрико аз режими саҳюнистӣ аст ба наҳве, ки Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико бо нодида гирифтани қатъномаи 2334 Шурои амният, ки декабри 2016 тасвиб шуд, амалан ба шаҳраксозӣ расмият бахшид ва бо тарҳи Муомилаи қарн низ авҷи ҳимояти худро аз режими саҳюнистӣ нишон дод зеро ин тарҳ тамоман дар хидмати манофеи Исроил қарор дорад.

Омили дигар низ роҳбурди кишварҳои арабӣ аст. Кишварҳои арабӣ ва дар раъси онҳо Арабистони саудӣ ба хусус дар як даҳсолаи ахир ибтидо дар баробари ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ сукут карда ва гомҳое дар ҷиҳати оддисозии равобит бо ин режим бардоштаанд ва сипас бо аланисозии равобити худ бо ин режим расман аз ҷиноятҳои он ҳимоят ва ҳатто баъзан низ Фаластинро маҳкум карданд.

Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистон рӯзи 27 марти 2018 дар нишасте бо сарони созмонҳои яҳудии Амрико дар Нию-Йорк бо интиқод аз фаластиниҳо ва дифоъ аз Исроил гуфт: Раҳбарони фаластинӣ тайи чиҳил соли гузашта фурсатҳоро яке пас аз дигарӣ аз даст дода ва тамоми пешниҳодотро рад карданд.

Вақти он аст, ки фаластиниҳо пешниҳодотро қабул карда ва барои нишастан бар сари мизи музокирот мувофиқат кунанд ё ин ки сокит шаванд ва аз шиква ва шикоят даст бардоранд.

 

Барчасп