Апрел 01, 2020 19:01 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Ҷиҳоди исломӣ ба ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Сурия

Ҷиҳоди исломии Фаластин ҳамлаи ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ ба Сурияро таҷовуз ба арабҳо ва мусулмонон донист.

Ба нақл аз ИСНО, Ҳозим Қосим- сухангӯи Ҷунбиши Ҳамос дар вокуниш ба ҳамлаи ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ ба фурудгоҳи Алшаирот дар устони Ҳамси Сурия гуфт: Ҳамлаи Исроил ба Сурия таҷовузе алайҳи тамоми уммати ислом ва нобудии тавоноиҳои он ва таҷовуз ба тамомии арабҳо ва мусулмонон аст.

Вай гуфт: Бояд уммати ислом талошҳои худро барои муқобила бо ин режим, ки душмани воқеии мост якпорча кунад. Ин таҷовуз истодагии масъулона ва ҷиддиро дар посух ба ин иқдоми террористӣ ва ҳадаф қарор додани пайиҳами заминҳои Сурия металабад.

Шомгоҳи сешанбе ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ аз хоки Лубнон чандин мушак ба самти шарқи Ҳамс тирпаронӣ карданд, ки артиши Сурия теъдоди зиёде аз онҳоро дафъ кард.