Куштаву захмӣ шудани беш аз 80 муздури эътилофи Саудӣ дар Яман
Апрел 05, 2020 18:02 Asia/Dushanbe
Манобеи яманӣ аз куштаву захмӣ шудани беш аз 80 низомӣ ва муздури эътилофи Саудӣ дар устони Маъраби Яман хабар доданд.
Ба гузориши хабаргузории Ямани вобаста ба давлати Санъо, нерӯҳои артиш ва кумитаҳои мардумии Яман пешравии нерӯҳои мутаҷовизи эътилофи Саудиро ба самти иртифооти Кавфал, дар шаҳри Сирвоҳ дар устони Маъраб, маркази Яман дафъ карда ва хисорату талафоти сангине ба онҳо ворид карданд.
Дар миёни кушташудагони эътилофи Саудӣ, фармондеҳи типи 310 ва раиси ин амалиёт Ҳамид Дастурӣ ва Холид Алҷомӣ, фармондеҳи типи 72 аз нерӯҳои давлати мустаъфии Мансур Ҳодӣ низ дида мешавад.