Апрел 06, 2020 16:56 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати 3 ҳазор кӯдаки фаластинӣ аз интифозаи Ал-ақсо то кунун

Низомиёни режими саҳюнистӣ дар соли 20 ахир 3000 кӯдаки фаластиниро шаҳид ва даҳҳо ҳазор кӯдаки дигарро захмӣ карданд.

Ба гузориши Форс, ин оморро вазорати иттилорасонии Ташкилоти худгардони Фаластин ба муносибати “Рӯзи кӯдак”-и фаластинӣ мунташир кард.

Аз шонздаҳуми декабри 2016, ки Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико Қудсро пойтахти режими Исроил хонд то поёни соли 2019, 114 кӯдаки фаластинӣ ба шаҳодат расидаанд ва ҳазорон нафари дигар захмӣ шудаанд.

Дар идомаи ин гузориш омада, низомиёни режими саҳюнистӣ аз ибтидои 2019 то кунун 475 кӯдаки зери 18 сол ва аз ибтидои 2020 то 31.3.202, 264 кӯдакро боздошт кардаанд.

Бар асоси омори бошгоҳи «Ал-Асир», вижаи расидагӣ ба умури асирон ва озодагони фаластинӣ ҳамчунон 200 кӯдаки фаластинӣ дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ боздошт ҳастанд. 95 дарсад кӯдаки фаластинӣ дар боздошт, мавриди шиканҷа ва озор қарор мегиранд ва бозҷӯёни саҳюнистӣ ба зур аз онҳо эътироф мегиранд.

 

Барчасп