Апрел 06, 2020 18:34 Asia/Dushanbe
  • Оғози амалиёти густурда барои поксозии саҳрои ғарбии ал-Анбор

Як манбаи амниятии ироқӣ аз оғози амалиёти густурда ба манзури тафтиш ва поксозии саҳрои ғарбии ал-Анбор хабар дод.

Ба гузориши ИСНА, як манбаи амниятӣ, ки хост номаш фош нашавад, эълом кард,амалиёти густурдае барои тафтиш ва поксозии саҳрои ғарби ал-Анбор оғоз шуд.

Ин манбаъ ҳамчунин эълом кард, ин амалиёт таҳти раҳбарии Қосим ал Муҳаммадӣ, фармондеҳи амалиёти Алҷазира ва бо мушорикати нирӯҳои артиш, пулис, Ҳашду ашоир ва бо кумаки ҷангандаҳои артиш ва ҷангандаҳои эътилофи байналмилалии зидди ДИИШ анҷом мешавад.