Апрел 07, 2020 11:18 Asia/Dushanbe
  • Дарёфти кумакҳои пизишкии режими саҳюнистӣ аз Чин

Режими саҳюнистӣ кумакҳои пизишкии густурда аз Чин дарёфт мекунад.

Режими саҳюнистӣ бо ирсоли 11  ҳавопаймо ба Чин, талош дорад ҳаҷми васеъе аз кумакҳои пизишкиро аз ин кишвар дарёфт кунад.

Ба нақл аз Форс, Вазорати ҷанги режими саҳюнистӣ дар баёнияе эълом кард: 11 ҳавопаймои вобаста ба ширкати ҳавоии Ал-Ол барои дарёфти кумакҳои пизишкӣ аз Чин роҳии ин кишвар хоҳанд шуд.

Дар ин баёния омадааст, ки эъзоми ин корвони ҳавоӣ ба Чин дар ҳамкорӣ миёни Вазорати ҷанг, Вазорати хориҷа ва ширкати ҳавоии Ал-Ол ва ширкати сохти маводди химиёии Кимколим сурат гирифтааст ва тайи он қарор аст то ниқобҳои тиббӣ, либосҳои махсуси пизишкон ва ҳамшираи шафқат ва дастгоҳи танаффус ва дигар малзумоти пизишкӣ аз Чин ворид шавад.

Аввалин ҳавопаймо аз мақсади Чин ба сарзамини ишғолӣ субҳи имрӯз дар фурудгоҳи Тел-Авив ба замин нишаст, ки ҳомили 900 ҳазор ниқоби тиббӣ, ним миллион либоси махсус ва дигар таҷҳизоти асосӣ буд. Қарор аст рӯзона ду парвоз ба Чин сурат гирад.

Вазорати беҳдошти режими саҳюнистӣ эълом кард тайи чанд соати гузашта 181 нафари дигар ба вируси корона мубтало шудаанд.