Туркия чанд русторо дар шимоли Ҳалаб тӯпборон кард
(last modified 2020-04-10T14:02:43+00:00 )
Апрел 10, 2020 19:02 Asia/Dushanbe
  • Туркия чанд русторо дар шимоли Ҳалаб тӯпборон кард

Хабарнигори шабакаи «Алмаёдин» гузориш дод, ки нерӯҳои Туркия чанд русто дар шимоли устони Ҳалаб (шимоли ғарби Сурия)-ро ба тӯп бастанд.

Ба гузориши “Форс”, шабакаи «Алмаёдин» имрӯз (ҷумъа) гузориш кард, ки нерӯҳои Туркия рустоҳои Зиёра, Шаворға ва атрофи шаҳри Тел-Рафъат дар шимоли устони Ҳалабро ба тӯп бастанд.

То бад-ин лаҳза, гузорише аз мизони хисорати моддӣ, талафоти ҷонӣ ва ҳамчунин иллати ин ҳамла ироа нашудааст.

Дар ҳамин иртибот, як мақоми нерӯҳои демократии Сурия гузориш кард, ки Русия тибқи тамоюли ин гурӯҳ даҳҳо дастгоҳ худрави зиреҳӣ ва нафарбарро барои муқобила бо амалиёти эҳтимолии Туркия дар устони Ҳалаб ба шарқи ин минтақа фиристодааст.

Пештар низ як гурӯҳи террористӣ бо ҳадафи монеътарошӣ дар баробари гаштзаниҳои муштараки Русия ва Туркия дар Идлиб ва масдуд кардани ҷодаи байналмилалии Ҳалаб-Лозиқия, як пулро мунфаҷир карданд.