Апрел 10, 2020 19:29 Asia/Dushanbe
  • Идомаи ҳамалоти эътилофи мутаҷовиз ба Яман

Ансоруллоҳи Яман гуфт, ҳамалоти эътилофи мутаҷовиз идома дорад ва тарҳи оташбаси Риёз музҳик аст.

Ба гузориши ИСНА, узви дафтари сиёсии ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман аз идомаи ҳамалоти ҳавоӣ ва заминии эътилофи мутаҷовизи арабӣ бо вуҷуди эъломи оташбас аз сӯи ин эътилоф хабар дод.

Муҳаммад Албахити, узви дафтари сиёсии ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман дар гуфтугӯ бо шабакаи “Алҷазира” эълом кард, ки алорағми эъломи оташбас аз сӯи эътилофи мутаҷовизи арабӣ ба саркардагии Арабистон, аммо ҳамалоти заминӣ ва ҳавоии ин эътилоф ба манотиқи мухталифи Яман ҳамчунон идома дорад.

Албхити гуфт, Арабистон бо эъломи оташбас ба думболи коҳиши фишорҳо бар худ ва барҳам задани муодилот дар Маъриб аст. Тарҳи эъломшуда аз сӯи Риёз дар воқеъ оташбас нест ва эъломи идомаи ҷанг аст, зеро Арабистони Саудӣ нерӯҳои заминӣ, ҳавоӣ ва дарёии худро барои муҳосира кардани Яман ба кор мегирад.

Албахити дар поён бо ишора ба ибтикори амали эъломшуда тавассути Ансоруллоҳ барои поён додан ба ҷанги Яман ва барқарории сулҳи ҳамаҷониба дар ин кишвар, гуфт, Ансоруллоҳ замоне ҳадаф қарор додани Арабистонро мутаваққиф хоҳад кард, ки Риёз тамоми амалиётҳои низомии худро мутаваққиф карда ва муҳосираи Яманро лағв кунад.

Нерӯҳои эътилофи арабӣ ба раҳбарии Арабистони Саудӣ ба далели ҳамагирии вируси корона аз панҷшанбе ба муддати ду ҳафта оташбас дар Яман эълом карданд.