Апрел 12, 2020 19:46 Asia/Dushanbe
  • Барқарории хатти мустақими дарёӣ миёни Бадар Аббос ва Масқат

Хатти мустақими дарёӣ миёни Бандар Аббос ва Масқат барои нахустин бор миёни ду кишвари Эрон ва Уммон роҳандозӣ шуд.

Ин хатти дарёӣ, ки тавассути як ширкати уммонӣ ва бо киштии эронӣ роҳандозӣ шуд, ҳафтае ду бор дар масири Бандар Аббос ва бандари Султон Қобуси шаҳри Масқат, пойтахти Уммон ва ба сурати муназзам тараддуд мекунад.

Ин кишвар, ки қобилияти ҳамли анвои контенейрҳои яхдониро низ дорад, фурсати муносиб барои тоҷирон, бозаргонон ва тавлидкунандагони маҳсулоти содиротии Эрон эҷод кардааст, то маҳмулаҳои тиҷорӣ ва колоҳои асосии мавриди ниёзи Уммонро аз тариқи Бандар Аббос ба Масқат ирсол кунад.

Дастрасии мустақим ба бозори пойтахти Уммон ва 86 бандари дигар аз 40 кишвари ҷаҳон, ироаи тасҳилоти гумрукӣ ва ниёз надоштан ба паҳлӯгирии киштиҳо дар дигар бандарҳои минтақа, ҳамчун Шарҷа қабл аз вуруд ба Уммон ва тай кардани ташрифоти идорӣ дар бандари Султон Қобус, аз ҷумлаи мазиятҳои хатти дарёии тозатаъсис аст.

Барчасп