Апрел 12, 2020 20:47 Asia/Dushanbe
  • Садрнишинии Арабистон аз назари теъдоди мубталоён ба коронавирус дар кишварҳои арабӣ

Арабистони Саудӣ бо беш аз 4000 мубтало ба коронавирус, аз назари мубталоён, дар садри кишварҳои арабӣ қарор дорад.

Вазорати беҳдошти Арабистони Саудӣ аз афзоиши шумори мубталоён ва қурбониёни коронавирус дар ин кишвар хабар дод ва эълом кард:

Таи шабонарӯзи гузашта 382 мавриди мубтало ва 5 фавтии ношӣ аз коронавирус дар ин кишвар сабт шудааст.

Бар асоси гузориши Вазорати беҳдошти Арабистон бо сабти теъдоди беморони ҷадид ба коронавирус, шумори мубталоён дар ин кишвар ба беш аз 4052 нафар расидааст.

Салмон бин Абдулазиз, шоҳи Арабистон мамнӯияти омаду рафт дар ин кишварро то иттилои сонавӣ ба сабаби афзоиши хурӯҷи коронавирус тамдид кард.

 

Барчасп