429 мавриди ҷадиди ибтило ба корона дар Арабистон
Сухангӯи Вазорати беҳдошти Арабистон аз сабти 429 мавриди ҷадиди мубтало ба корона дар ин кишвар хабар дод.
Ба гузориши шабакаи хабарии Алҷазира, Муҳаммад Ал-Абд-Ал-Олӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошти Арабистон рӯзи якшанбе эълом кард дар 24 соати гузашта беш аз 429 нафар дар Арабистон ба вируси корона мубтало шудаанд, ки бо ин омор, теъдоди мубталоён ба чаҳор ҳазору 462 нафар расидааст.
Ал-Абд-Ал-Олӣ афзуд: Бо фавти ҳафт мавриди ҷадид аз беморони коронаӣ теъдоди кулли ҷонбохтагон ба 59 нафар расидааст.
Бо афзоиши омори мубталоён ба вируси корона дар Арабистон, подшоҳи ин кишвар мамнуияти рафтуомадро бори дигар тамдид кард.
Бо идомаи шароити ҷорӣ, баргузории намози ҷамоати моҳи мубораки Рамазон низ дар масҷидҳои Арабистон манъ аст.