Апрел 14, 2020 12:35 Asia/Dushanbe
  • Оғози озмоиши корона аз сӯи мақомоти тандурустии Ғазза

Мақомоти тандурустии Ғазза озмоиши коронаро ағоз карданд.

Яке аз сухангӯёни Вазорати тандурустии Ғазза эълом кард: Пас аз он ки Исроил иҷоза дод то панҷ кити озмоиши вируси корона, ки аз сӯи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ харидорӣ шуда буд, вориди навори Ғазза шавад, озмоиши вируси корона дар Ғазза аз сар гирифта шуд.

Ба нақл аз ИСНО, сухангӯи Вазорати тандурустии Ғазза гуфт: Ин китҳо маҳдуд ҳастанд; чаро, ки аз онҳо танҳо барои озмоиши ҳудуди 500 тан дар ин минтақаи пурҷамъият бо ҷамъияте баробар бо ду миллион нафар метавон истифода кард.

Вай афзуд: Мо пас аз он ки авохири рӯзи якшанбе ин китҳоро дарёфт кардем, фавран анҷоми озмоишҳоро оғоз кардем. Мо ниёз дорем, ки тамоми вақт ин озмоишҳоро анҷом диҳем ва ба ҳамин хотир мо ба ҳазорон кити озмоиш ниёз дорем.

Мақомоти бахши тандурустии Ғазза ҳаштуми апрел эълом карданд, ки китҳои озмоиши вируси коронаи онҳо тамом шуда ва нисбат ба ин ки камбуди таҷҳизоти пизишкӣ мунҷар ба шуюи сареи вируси корона дар ин минтақа шавад, ибрози нигаронӣ карданд.

Ғазза 13 мавриди ибтило ба вируси коронаро таъйид карда, ки ҳамагӣ дар карантин ҳастанд.

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати тандурустии Ғазза, ин дастгоҳ аз сӯи хайрияе мустақар дар Амрико эҳдо шудааст.