Афзоиши мубталоёни коронавирус дар Арабистон
(last modified Sun, 19 Apr 2020 07:42:54 GMT )
Апрел 19, 2020 12:42 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши мубталоёни коронавирус дар Арабистон

Вазорати беҳдошти Арабистон эълом кард, ки дар 24 соати гузашта беш аз ҳазор мавриди нави ибтило ба коронавирус дар ин кишвар гузориш шудааст.

Ба нақл аз ИСНО, Муҳаммад Абдул-Алъоли, сухангӯи Вазорати беҳдошти Арабистон дар як конфронси матбуотӣ эълом кард, ки дар 24 соати гузашта, якҳзору 132 мавриди қатъии гирифторӣ ба коронавирус дар ин кишвар сабт шудааст ва панҷ тани дигар бар асари ибтило ба ин вирус ҷони худро аз даст доданд.   

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати беҳдошти Арабистон, дар байни афроди ҷонбохта дар 24 соати гузашта, чаҳор шаҳрванди хориҷӣ ба чашм мехуранд.   

Сухангӯи Вазорати беҳдошти Арабистон ба хабарнигорон гуфт: Теъдоди кулли ҷонбохтагон бар асари коронавирус дар кишвар ба 92 нафар расидааст. Якҳазору 329 нафар ҳам ба таври комил беҳбуд ёфтаанд.   

Бар асоси омори Вазорати беҳдошти Қатар, ки дар ҳамсоягии Арабистон қарор дорад, дар 24 соати гузашта 345 мавриди қатъии гирифторӣ ба вируси корона гузориш шудааст. Ин дар ҳоле аст, ки теъдоди кулли мавориди қатъии ибтило ба коронавирус дар Қатар аз марзи 5 ҳазор нафар фаротар рафтааст. Қатар дар 24 соати гузашта танҳо як мавриди фавтӣ гузориш кардааст, ки теъдоди кулли ҷонбохтагон дар асари ибтило ба корона дар ин кишварро ба 8 тан афзоиш дод.