Апрел 29, 2020 18:22 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Ҳизбуллоҳ бар муқобила бо фасоду султаи доллар дар Лубнон

Ҳизбуллоҳи Лубнон бар лузуми муқобила бо фасоду султаи доллар бар иқтисоди ин кишвар таъкид кард.

Ба нақл аз Форс, воҳиди «иттиҳодияҳо ва коргарон» дар Ҷунбиши Ҳизбуллоҳи Лубнон бо судури баёния, Рӯзи ҷаҳонии коргар (аввали май)-ро табрик гуфт ва вазъияти иқтисодии нобасомони кунунӣ дар Лубнонро натиҷаи сиёсатҳои сисола донист.

Дар ин баёния омадааст: Коргарони ҷаҳон ва ба вижа коргарони Лубнон бояд бидонанд, ки зулми ситамгарон, режимҳои истибдодии сиёсӣ ва иқтисодӣ ва инҳирофҳои фарҳангии онҳо масъули фоҷиаи кунунӣ ҳастанд, ки гиребонгири башарият ва амният ва оромиши он шудааст.

Ҳизбуллоҳ идома дод: Як вируси кучак (корона) тамомии шаклҳои низомҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фалсафаи онҳоро соқит ва суст будани онро расво кард, сутуни зулми онро нобуд сохт ва арзиши дурӯғини онҳоро дар ҳам шикаст.

Дар идомаи ин баёния эълом шуда, он чи имрӯз дар Лубнон рух медиҳад натиҷаи таҷрибаи сисолаи низоми сиёсӣ ва иқтисодӣ аст. Лубнон таҳти диктанҳои хориҷӣ қарор гирифт ва ашхосе рӯй кор омаданд, ки манофеи шахсии худро бо манофеи амрикоӣ дар Лубнон гиреҳ заданд, мантиқи ҳокимияти миллӣ ба нафъи ҳокимияти амрикоӣ канор зада шуд ва арзиши лири Лубнон ба нафъи доллар поён фаромад. Нуфузиҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ як сомонаи фасод ташкил доданд ва ин фасод дар органҳои мухталиф нуфуз кард.