Гузориши вижа: Эъломи худмухторӣ дар устонҳои ҷанубии Яман
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i53264-Гузориши_вижа_Эъломи_худмухторӣ_дар_устонҳои_ҷанубии_Яман
Шурои интиқолии ҷануби Яман, ки таҳти ҳимояти Иморот қарор дорад дар устонҳои ҷанубии Яман худмухторӣ эълом кард.
(last modified 2026-01-06T06:33:23+00:00 )
Май 02, 2020 16:07 Asia/Dushanbe

Шурои интиқолии ҷануби Яман, ки таҳти ҳимояти Иморот қарор дорад дар устонҳои ҷанубии Яман худмухторӣ эълом кард.

Далели зоҳирии эъломи худмухторӣ аз сӯи Шурои интиқолӣ дар ҷануби Яман, сӯимудирияти давлати истеъфододаи ин кишвар дар сели ахир дар Адан аст, ки ин ҳодиса мардуми Аданро бо мушкилоти бисёре аз ҷумла қатъи барқ мувоҷеҳ кард ва садҳо нафар алайҳи давлати истеъфододаи Мансур Ҳодӣ эътироз карданд.