Май 03, 2020 18:08 Asia/Dushanbe
  • Асорати 19 хабарнигори фаластинӣ дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ

19 хабарнигори фаластинӣ дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ зиндонӣ ҳастанд.

Дафтари иттилоърасонии давлати Фаластин дар Ғазза, дар гузорише ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот таъкид кард, ки режими саҳюнистӣ ҳамчунон ба таҷовузот ва ҷиноёти худ алайҳи асҳоби расона дар заминҳои ишғолии Фаластин идома медиҳад.

Ба нақл аз ИСНА, дар ин гузориш омада, ки ҳамакнун 19 хабарнигори фаластинӣ, аз ҷумла ду хабарнигори зан дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ асир ҳастанд.

Тибқи ин гузориш, режими саҳюнистӣ аз оғози соли ҷорӣ то кунун, 167 маротаба даст ба таҷовуз алайҳи хабарнигорон дар заминҳои ишғолӣ зада, ки таи он 35 нафар захмӣ, 38 нафар боздошт ва 35 нафар ҳам аз идомаи фаъолият манъ шудаанд.

 

Барчасп