Май 04, 2020 09:00 Asia/Dushanbe
  • Ҳастаҳои хуфтаи ДИИШ дар Ироқ, матлуби Амрико ва Амрикогароён

Афзоиши таҳдидҳо ва таҳаррукоти харобкоронаи бозмондаҳои ДИИШ дар Ироқ тайи рӯзҳои ахир, сабаби тарҳи ин савол мешавад, ки ҳастаҳои хуфтаи ДИИШ-ро чи касоне бедор карда ва шохисаҳои даври нави таҳаррукоти ин гурӯҳи террористӣ чист?

Соли 2018 шикасти комили ДИИШ дар Ироқ ва ҳифзи тамомияти арзии ин кишвар эълом шуд. Бо ин ҳол, ҳамаи аносури гурӯҳи террористии ДИИШ дар Ироқ кушта ва ё аз ин кишвар хориҷ нашуданд балки бархе аз аносури ин гурӯҳ монанди ироқӣ ё ғайри ироқӣ дар манотиқи мухталифи ин кишвар боқӣ монданд ва дар интизори фурсат буданд то бори дигар фаолияти худро дар Ироқ аз сар гиранд.

Бесуботии сиёсии Ироқ барои ҳастаҳои хуфтаи ДИИШ як фурсат буд. Дар тазоҳуроти якуми октябри  2019 ба баъд дар Ироқ, бозмондаҳои ДИИШ дар ҷиҳати табдили эътирозҳо ба хушунат нақш доштаанд. Бо ин ҳол, нуктаи муҳим ин аст, ки бозмондаҳои ДИИШ дар Ироқ чунон қудрат ва имконоте надоранд, ки битавонанд таҳдидҳои ҷиддие эҷод кунанд. Таҳаррукоти ҷадиди онҳо, ки аз якуми октябри 2019 оғоз шуд ва тайи рӯзҳои ахир ба таҳдиди амниятии ҷиддӣ алайҳи Ҳашдушшаъбии Ироқ табдил шуд, бо пуштвонаи норозиёни дохилӣ ва мухолифони Муқовимат дар сатҳи минтақа бо раҳбарии Амрико анҷом мегирад.

Ҳастаҳои хуфтаи ДИИШ бар хилофи ДИИШ-и 2014 то 2018 тамоюлоти ҷуғрофиёӣ надоранд балки сирфан нақши абзории зидди Муқовимат ифо мекунанд. Метавон гуфт онҳо неруҳои иҷории мухолифони Муқовимат барои таҳдидофаринӣ алайҳи Ҳашдушшаъби дар Ироқ ба ҳисоб меоянд. Ҳастаҳои хуфтаи ДИИШ аз силоҳҳои модерн ва пешрафтаи асосан сохти Амрико баҳра мегиранд, ки фармондеҳони Ҳашдушшаъби низ ба он ишора карданд. Ба гуфтаи Содиқ Ал-Ҳусайнӣ, масъули иттилоърасонии Ҳашдушшаъби, 90 дарсади силоҳҳои дар ихтиёри ДИИШ ба вижа силоҳҳои ба истилоҳ вилояти Диёла (ДИИШ), амрикоӣ аст ва аз анборҳои Амрико ё аз тариқи ҳампаймонони Амрико ба дасти ин гурӯҳ расидааст.

Мавзӯъи дигар, ҷомеаи ҳадафи ҳастаҳоии хуфтаи ДИИШ дар Ироқ аст. Амалиёти моҳҳои ахири ҳастаҳои хуфтаи ДИИШ ба навъе бозгашт ба даврони 2011 то 2014-и ҳаёти ин гурӯҳ дар Ироқ аст, ки сирфан амалиёти таркишӣ анҷом медод. Бо ин тафовут, ки дар даврони 2011 то 2014 беш аз ҳама ғайринизомиён ҳадаф қарор мегирифтанд ва асосан Ҳашдушшаъби  вуҷуд надошт, ки ҳадаф қарор гирад, аммо акнун беш аз ҳама аъзои Ҳашдушшаъби  ва неруҳои амниятии Ироқ ҳадафи таҳаррукоти бозмондаҳои диишӣ қарор мегиранд.

Ин шохисаҳо нишон медиҳад, ки ҳастаҳои хуфтаи ДИИШ дар Ироқ таҳти контроли Амрико ва Амрикогароёни дохилӣ ва минтақаӣ ба хусус Арабистони саудӣ қарор доранд. Боқир Ал-Зубайдӣ, вазири собиқи кишвари Ироқ дар ин хусус навишт: ДИИШ ба шакли густурда мавриди ҳимояти қудратҳои минтақаӣ ва байналмиллалӣ ва тарафҳои дохилӣ аст, ки дар прожаҳои ҷанги нарми худ шикаст хурда ва ба ҳамин далел дубора ба ҳимоят аз терроризм аз канали бозмондаҳои ДИИШ рӯй овардаанд.

Бозмондаҳои диишӣ дар ҳоле тайи моҳҳои ахир ниқоб аз чеҳраи худ дар Ироқ бардоштанд, ки дар сурати ташкили кабинаи нави ин кишвар, қарор аст дар моҳи оянда музокироти Амрико ва Ироқ дар бораи ҳузури низомиёни амрикоӣ дар Ироқ баргузор шавад. Афзоиши таҳдидҳои ДИИШ чоназании пеш аз мавъиди Вашингтон барои музокироти ояндааст то бо бузургнамоии таҳдиди  ДИИШ, заминаи ҳузури қавитар дар Ироқро фароҳам кунад. Бино барин, афзоиши раванди таҳаррукот ва таҳдидҳои ҳастаҳои хуфтаи ДИИШ дар Ироқ матлуби Амрико ва Амрикогароёни дохилӣ ва минтақаӣ аст.

 

Барчасп