Май 05, 2020 17:26 Asia/Dushanbe
  •  Ҳушдори Башор Асад дар бораи паёмадҳои густариши корона дар Сурия

Раиси Ҷумҳурии Сурия дар бораи паёмадҳои фоҷиабори шуюи густурдаи вируси корона дар ин кишвар ҳушдор дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории садо ва симои Эрон, Башор Асад ҳушдор дод, ки афзоиши омори гирифторонт вируси корона дар ин кишвар метавонад вазъияти фоҷиабор биёфаринад. 
 
 То кунун 44 мавриди ибтило ба Ковид- 19 дар Сурия шиносоӣ шудааст, ки аз ин теъдод се нафар ҷон бохтаанд. 
 
Далели омори поини афроди олуда ба вируси корона дар Русия эҳтимоли камбуди таҷҳизоти пизишкӣ ва китҳои тахассусии ташхиси ин беморӣ дар ин кишвари ҷангзадааст. 
 
Дар ҷаҳон низ шумори мубталоён ба  Ковид- 19 аз се миллиону 600 ҳазор нафар фаротар рафтааст.

Барчасп