Май 10, 2020 13:52 Asia/Dushanbe
  • Ироқ дар тавофуқномаи роҳбурдӣ бо Амрико таҷдиди назар мекунад

Нахуствазири нави Ироқ эълом кард: Давлаташ барои таҷдиди назар дар тавофуқномаи роҳбурдии Вашингтон-Бағдод, ситоди буҳрон ташкил медиҳад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симои Эрон, Мустафо Алкозимӣ шомгоҳи шанбе пас аз баргузории нахустин нишасти ҳайати давлати Ироқ гуфт: Ситоди буҳрони Ироқ бо ҳадафи посдорӣ аз ваҳдат ва ҳифзи ҳокимияти кишвар, бо тарафи амрикоӣ дар бораи таҷдиди назар дар тавофуқи роҳбурдӣ байни Вашингтон-Бағдод гуфтугӯ хоҳад кард.

Пештар низ Алкозимӣ дар дидор бо Матиу Туллер- сафири Амрико дар Бағдод, таъкид кард кишвараш арсае барои тасвияи ҳисоб ва ҳамла ба кишварҳои дӯст ва ҳамсоя нахоҳад буд.

Парлумони Ироқ 5 январ дар пайи террори ноҷавонмардонаи сардор Сулаймонӣ- фармондеҳи неруии Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ва Абумаҳдӣ Алмуҳандис- муовини Созмони басиҷи мардумии Ироқ ба дасти давлати террористи Амрико наздики фурудгоҳи Бағдод, тарҳи ихроҷи неруҳои амрикоӣ аз хоки Ироқро тасвиб кард.

Ба муҷиби Қатъномаи 1790, ки дар Созмони Миллали Муттаҳид ба тасвиб расид соли 2008, охирин соли ҳузури артиши Амрико дар Ироқ буд, аммо бо имзои қарордоди амниятӣ байни Бағдод ва Вашингтон дар чаҳоруми декабри 2008, Амрико ишғолгарии худ дар Ироқро ба шакле дигар идома дод.

 

Барчасп