Шабакаи Саудӣ маҷбур ба тавафуқи пахши сериали зиди фаластинӣ шуд
Пас аз афзоиши эътирозҳо ба пахши сериали зиди фаластинӣ аз шабакаи Саудии MBC , ин шабака ба баҳонаи шуюи Корона идомаи пахши сериалро мутавақиф кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, шабакаи MBC , Аабистон рӯзи сешанбе эълон кард пахши сериали Махраҷ 7 ( MaKhraj 7) мутавақиф ва аз ҷумъаи оянда,ба ҷои ин сериал як сериали кувейтӣ пахш хоҳад шуд.
Масулони ин шабакаи Саудӣ дар тавҷиаи иқдоми худ эълон карданд ,ки иллати тавақуфи ин сериал, омода нашудани дигар қисматҳои он ба далели карантина ва шароити Корона аст.
То кунун 20 қисмат аз сериали Махраҷ 7 аз шабакаи MBC и Арабистон пахш шудааст.
Шабакаи МВС Арабистон ҳамчунин дар ҳоли пахши сериали Умми Ҳорун аст,ки ҳадафи он, сафед ҷилва додани ҳисоби сиёҳи режими Саҳюнистӣ ва ҷилваи инсонӣ додан ба ин режим аст.
Пахши ин ду сериал аз шабакаи Саудии МВС интиқодҳои густардаи зиди Арабистон ва созандагони он доштааст ва мунтақидон, Риёзро ба талош барои тағийри афкори умумӣ ва омода кардани замина барои одисозии робитаҳо бо режими Саҳюнистӣ мутаҳам мекунанд.