Май 18, 2020 16:30 Asia/Dushanbe
  • Мамнуъ будани илҳоқи Каронаи Бохтарӣ тибқи қонунҳои байналмилалӣ

Ҳамоҳангсози Созмони Милали Муттаҳид оид ба Раванди сулҳи Ховари Миёна ҳушдор додааст, ки талошҳои Исроил барои ҳамроҳ кардани қаламравҳои ишғолшудаи Фаластин дар соҳили Ғарб тибқи қонунҳои байналмилалӣ манъ аст.

Ба гузориши радиои Садои Хуросон ба нақл аз Исна, Николай Меладинов, Ҳамоҳангсози Созмони Милали Муттаҳид оид ба Раванди сулҳи Ховари Миёна бо таъкид бар ин, ки илҳоқи арозии Каронаи Бохтарӣ ба арозии ишғолӣ дар қавонини байналмилалӣ мамнӯъ аст, гуфт: ин илҳоқ хатари бузурге эҷод кардааст ва бар асоси қонунҳои байналмидлалӣ мамнуъ буда ва сохтори ҷаҳониро заиф мекунад.

Меладинов дар ҳамоише, ки муассисаи исроилии сиёсати хориҷа (ғайри давлатӣ) баргузор карда буд, изҳор кард:  Илҳоқи манотиқи Каронаи Бохтарӣ ба арозии ишғолӣ паёмадҳои ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва амниятӣ хоҳад дошт, ки мувоҷеҳ бо онҳо душвор хоҳад буд.

Ҳамоҳангсози Созмони Милали Муттаҳид оид ба Раванди сулҳи Ховари Миёна дар идома гуфт: Ин иқдом ба уфуқҳои сулҳи Ховари Миёна зарба ворид карда ва эҳтимоли оддисозии равобити миёни Исроил ва кишварҳои арабиро коҳиш хоҳад дод.

Барчасп