Май 19, 2020 10:59 Asia/Dushanbe
  • Муруре бар мавозеи зидди исроилии мардуми Туркия

Ҷиноёти режими нажодпарасти Исроил дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин ҳар рӯз густардатар мешавад ва абъоди ҷадидтаре ба худ мегирад.

Муруре бар собиқаи ин режими кӯдаккуш, ки ба шаклҳои мухталиф зимни ҷиноят алайҳи ғайринизомиён, занону мардони солхурдаро ба хоку хун мекашад, нишон медиҳад, ки ҳарчӣ дасти режими саҳюнистӣ бозтар бошад, ҷиноёти бештарӣ алайҳи миллатҳои мазлум, бавижа мардуми бегуноҳи Фаластин муртакиб мешавад.

Тайи беш аз як соли гузашта давлати Амрико ба раҳбарии Доналд Трамп, раисҷумҳури ин кишвар, ба манзури мусоидат бо ҷиноёти ин режими нажодпараст гомҳое бардошта, ки аз нигоҳи давлатҳо ва миллатҳои огоҳи ҷаҳон пинҳон намондааст.

Миллатҳои огоҳ ва равшани ҷаҳон аз тариқи мухталиф ба муқобила бо таҳаррукоти низомӣ ва ҷиноёти режими саҳюнистӣ иқдом мекунанд. Табиист, ки баргузории маросими рӯзи ҷаҳонии Қудс яке аз роҳҳои муқобила бо ҷиноёти режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми мазлуми Фаластин тайи беш аз чаҳор даҳаи гузашта будааст.

Миллатҳои мусалмон ва ҳатто бархе миллатҳои ғайримусалмон дар ҷаҳон ҳамасола бо баргузории маросими рӯзи ҷаҳонии Қудс, ин рӯзро дар тақвими кишвари худ сабт мекунанд. Дар ҳамин иртибот профессор Лоуренс Дейвидсон, нависанда ва муаррихи амрикоӣ ва устоди Донишгоҳи Вестр Честери Амрико ва таҳлилгари масоили сиёсӣ дар бораи баргузории рӯзи ҷаҳонии Қудс ва таъсири болои он дар ҳифзи масъалаи Фаластин, мегӯяд: “Агар ҷавомеи байналмилалӣ бо бузургдошти рӯзҳои ҳамонанди рӯзи Қудс ба дарду ранҷи фаластиниён таваҷҷуҳ кунанд, саҳюнистҳо қодир нахоҳанд буд то Фаластинро аз хотири мо пок кунанд”.

Уфуқ Улутош, раиси Маркази мутолеоти роҳбурдии Вазорати умури хориҷаи Туркия низ дар ин замина гуфтааст: “Иқдомоти якҷонибаи Амрико ба талошҳо барои ҳалли масъалаи Фаластин осеби ҷиддӣ ворид кардааст”.

Уфуқ  Улутош таъкид кард, ҳимоятҳои Амрико аз рӯйкардҳои тундравона ва хушунатомези Исроил дар сарзаминҳои фаластинӣ, амният ва суботи минтақаро беш аз пеш мавриди таҳдид қарор додааст.

Ба далели аҳамият ин рӯз барои муқобила бо ҷиноёти режими нажодпарасти Исроил, миллатҳои мустақили ҷаҳон аз ин фурсат барои эътироз ба ҷиноёти режими саҳюнистӣ баҳрабардорӣ мекунанд. Дар воқеъ, рӯзи ҷаҳонии Қудс фурсати муносибе барои миллатҳои мустақили ҷаҳон фароҳам кардааст то огоҳии лозимро дар заминаи ҷиноёти режими саҳюнистӣ алайҳи миллати Фаластин ва наслкушии мусулмонони ин минтақа ба даст оваранд. Ба далели ҳамин огоҳибахшӣ, тайи беш аз чаҳор даҳаи гузашта мардуми мусулмони Туркия аз ҷумлаи муҳимтарин ҳомиёни мардуми Фаластин ба манзури ғалаба бар режими нажодпарасти Исроил будаанд. Ҳамасола мардуми Туркия дар шаҳрҳои мухталифи ин кишвар бо баргузории пуршукӯҳи рӯзи ҷаҳонии Қудс, омодагии худро барои муқобила ва мубориза бо ҷиноёти режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми Фаластин эълом мекунанд.

Тайи моҳҳои ахир шуюъи вируси хатарноки корона бисёре аз миллатҳои ҷаҳонро хонанишин кардааст. Бо вуҷуди ин, ахиран мавзӯи поёни қарантина дар кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Туркия матраҳ аст. Табиист, ки мардуми мусулмони Туркия низ монанди дигар миллатҳои мусулмон бо баргузории маросими рӯзи ҷаҳонии Қудс, интизор меравад имсол низ ин рӯзро монанди солҳои гузашта, бо шукӯҳи ҳарчӣ тамоматар гиромӣ бидоранд.

 

Барчасп