Таъкиди уламои Яман бар аҳамияти ҳифз ва густариши рӯзи ҷаҳонии Қудс
(last modified Thu, 21 May 2020 04:51:07 GMT )
Май 21, 2020 09:51 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди уламои Яман бар аҳамияти ҳифз ва густариши рӯзи ҷаҳонии Қудс

Анҷумани уламои Яман рӯзи ҷаҳонии Қудсро , эълони омодагии мусалмонон барои озодии Масҷидалақсо донист.

Ба гузориши ИРНА , Анҷумани уламои Яман рӯзи чоршанбе бо судури баёнияе ба муносибати рӯзи ҷаҳонии Қудс бо таъкид бар исломӣ мондани моҳияти Масҷидалақсо ва Байтулмуқадас, тасриҳ кард, Саҳюнистҳо ҳақи тасарруфи як ваҷаб аз хоки Фаластинро надоранд.

Анҷумани уламои Яман ҳамчунин бар пуштибонии молӣ барои ҳимоят аз Ҷунбишҳои ҷиҳодӣ ва муқоввимат дар Фаластин ва Лубнон ва кумак ба онон барои муқобила бо хатари режими Саҳюнистӣ таъкид кард.

Анҷумани уламои Яман аз олимон ва хатибони динӣ низ хост барои нокомии нақшаҳо ва тавтиаҳои режими ғосиби Саҳюнистӣ талош кунанд.

Охирин ҷумъаи моҳи мубоаки рамазон ба ибтикори имом Хоманаӣ (р) бунёнгузори кабири Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи ҷаҳонии Қудс номгузори шудааст.

Рӯзи ҷаҳонии Қудс имсол, 22 моҳи май 2020 баробар бо 28 моҳи рамазони 1441 и ҳиҷрии қамари аст.