Абъоди суханони раҳбарони Муқовимат дар бораи Рӯзи ҷаҳонии Қудси 2020
(last modified Thu, 21 May 2020 08:06:03 GMT )
Май 21, 2020 13:06 Asia/Dushanbe
  • Абъоди суханони раҳбарони Муқовимат дар бораи Рӯзи ҷаҳонии Қудси 2020

Раҳбарони Муқовимат дар минтақаи ғарби Осиё рӯзи гузашта ва дар остонаи чиҳилу якумин солгарди Рӯзи Қудс, суханонеро матраҳ карданд, ки абъоди мухталиф дорад.

Яке аз меҳварҳои суханони рӯзи гузаштаи раҳбарони Муқовимат, иллати номгузории ҷумъаи охири моҳи Рамазон ба номи Рӯзи Қудс тавассути имом Хумайнӣ (ра) буд.

Раҳбарони Муқовимат дар суханонашон бар ин нукта таъкид карданд, ки бунёнгузори инқилоби исломӣ нигаронии ба ҳошия рафтан ва фаромуш шудани масъалаи Фаластинро дар пайи созиши кишварҳои арабӣ бо режими саҳюнистӣ доштаанд ва бо ҳадафи зинда нигаҳ доштани масъалаи Фаластин, ибтикори Рӯзи Қудсро матраҳ карданд.

Қайс Ал-Хазъалӣ, дабири кулли Асоиби Аҳлулҳаққи Ироқ дар ин хусус гуфт: Эъломи Рӯзи ҷаҳонии Қудс тавассути имом Хумайнӣ (ра) бо ҳадафи ёдоварии аҳамияти масъалаи Фаластин ба тамомии ҷаҳониён буд.

Меҳвари муштараки суханони ҳамаи раҳбарони Муқовимат, ишора ба хадамоти сардори сипаҳбуд шаҳид Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи фақиди неруи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ барои меҳвари Муқовимат буд. Шаҳид Сулаймонӣ ба ҳамроҳи шаҳид Абумҳдӣ Ал-Муҳандис ва ҳамроҳонаш севуми январи 2020 дар наздикии фурудгоҳи Бағдод  дар иқдоме ҷинояткорона тавассути давлати Амрико террор шуда ва ба шаҳодат расиданд. Дар суханони рӯзи гузаштаи раҳбарони Муқовимат бар ин мавзӯъ таъкид шуд, ки иллати террори шаҳид Сулаймонӣ тавассути Амрико, ҳимоят аз режими саҳюнистӣ буд.

Абдулмалик Алҳуси, раҳбари Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман дар ин хусус гуфт: Иллати аслии террори ҳоҷи Қосими Сулаймонӣ- фармондеҳи шаҳиди неруи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, нақши барҷастаи вай дар мубориза бо саҳюнистҳо буд.

Маҳкумияти оддисозии равобити кишварҳои арабӣ бо режими саҳюнистӣ, меҳвари дигари суханони раҳбарони Муқовимат буд. Дар солҳои ахир бархе аз кишварҳои арабӣ ба оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ суръат бахшида ва ҳатто ин равобитро ошкор карданд. Дар маросими рӯнамои аз тарҳи нажодпарастонаи Муомилаи қарн, ки 28 январи 2020 дар Кохи Сафед анҷом шуд, сафирони се кишвари арабии Баҳрайн, Аморот ва Уммон низ ба ҳамроҳи Доналд Трамп ва Бенямин Натанияҳу ҳузур доштанд.

Пеш аз ин шуморе аз мақомот ва шахсиятҳои арабӣ сареҳан ба ин мавзӯъ ишора карданд, ки агар ҳамроҳии бархе кишварҳои арабӣ набуд, рӯнамоӣ аз тарҳи нажодпарастонаи Муомилаи қарн имконпазир набуд.

Бо ин ҳол, Саидҳасани Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар суханони рӯзи гузаштаи худ ба муносибати Рӯзи Қудс гуфт:  Он чи аз оддисозии равобит ва таслим шудан дар баробари душмани саҳюнистӣ мебинем, тасвири воқеии уммати мо нест. Мо имрӯза беш аз ҳар замони дигаре ба Қудс ва озодсозии он дар сояи имон, сабр, ихлос ва иттиҳоди миёни кишварҳои меҳвари Муқовимат наздик шудаем.

Зиёд Ал-Нахола- дабири кулли Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин низ бо интиқоди талвеҳӣ аз оддисозии равобити кишварҳои арабӣ бо режими саҳюнистӣ ва мамониати онҳо аз гиромидошти Рӯзи Қудс тавассути миллатҳояшон, гуфт: Ҳукуматҳое, ки миллатҳояшонро аз гиромидошти Рӯзи Қудс боз медоранд, мехоҳанд аз ормони Қудс даст кашанд ва ба думболи тавҷеҳоте барои он мегарданд.

Меҳвари дигари суханони раҳбарони Муқовимат, ифшои ҳадафи ниҳоии ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ дар минтақаи ғарб аст ва ин ки ҷинояти ин режим ба Фаластин маҳдуд намешавад. Дар ҳамин росто, шайх Қайс Алхазъалӣ, дабири кулли Ҷунбиши Асоиби Аҳлулҳаққи Ироқ гуфт: Режими мутаҷовизи саҳюнистӣ ҳаргиз зарбааш ба Фаластин ва миллати он маҳдуд намешавад балки бовар ва ақидаи душман ин аст, ки бояд бисёре аз сарзаминҳои арабӣ ва исломиро ишғол кунад, зеро шиори онҳо дар Таврот эҷоди кишвари саҳюнистӣ аз Нил то Фурот аст.

Нуктаи муҳим дар суханони рӯзи гузаштаи раҳбарони Муқовимат, таъкиди онҳо бар муқовимати мусаллаҳона дар муқобили режими саҳюнистӣ аст. Дар воқеъ, аз диди раҳбарони барҷастаи меҳвари Муқовимат ягона роҳи ҳал дар муқобили тавсеаталабӣ ва ишғолгарии режими саҳюнистӣ, муқовимати мусаллаҳона аст. Дар ҳамин росто, Исмоил Ҳания, раиси Дафтари сиёсии Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (ҲАМОС), муқовимати мусаллаҳонаи густурдаро танҳо роҳи муқобила бо саҳюнистҳо ва тарҳҳои яҳудисозии маконҳои исломӣ донист.

Нуктаи поёнӣ ин ки, ҳамаи раҳбарони Муқовимат дар суханони худ аз нақши барҷастаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳимоят аз Муқовимат ва табдили меҳвари Муқовимат ба яке аз таъсиргузортарин бозигарони минтақаи ғарби Осиё тақдир карданд.