Май 27, 2020 08:38 Asia/Dushanbe
  • Саидҳасан Насруллоҳ: Режими нажодпарасти Исроил аз байн хоҳад рафт

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон сешанбешаб тайи суханоне ба муносибати бистумин солрӯзи озодсозии ҷануби Лубнон аз ишғоли саҳюнистҳо, тасреҳ кард: Таҳаввулоти мавҷуд дар минтақа ба нафъи Исроил нест.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, Саидҳасан Насруллоҳ  дар мусоҳиба бо радиои Алнури Лубнон ба шикастҳои Исроил дар минтақа ишора кард ва гуфт: Режими нажодпарасти Исроил аз байн хоҳад рафт.

Насруллоҳ ҳамчунин бо таъкид бар ин ки меҳвари Муқовимат дар ҳамаи заминаҳо аз ҷумла низомӣ дар ҳоли пешрафт аст таъкид кард: Тамомии нуқоти сарзаминҳои ишғолӣ дар тирраси мушакҳои Муқовимат аст.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон ба пирӯзиҳои ахири давлат ва миллати Сурия ва меҳвари Муқовимат дар баробари террористҳо дар ин кишвар низ ишора кард ва гуфт: Исроил хеле умед дошт, ки давлати Сурия суқут кунад, аммо дар ин кишвар шикасти сахте хурд.

Саидҳасан Насруллоҳ дар идомаи ин мусоҳиба ба ҳузури Амрико дар минтақа пардохт ва гуфт: Ҳузури мустақими Амрико дар минтақа баёнкунандаи заъфи муттаҳидони ин кишвар ва қудрати меҳвари Муқовимат аст.

Лубнониҳо ҳарсола  25  моҳи майро, ки солрӯзи фирори охирин низомии исроилӣ аз ҷануби ин кишвар аст, ба унвони Рӯзи муқовимат ва пирӯзӣ, таҷлил мекунанд.

Дар 25 майи соли 2000 режими саҳюнистӣ ба рағми бархурдорӣ  аз тавонмандиҳои низомӣ, дар баробари неруҳои Муқовимати Лубнон таслим ва маҷбур ба фирор аз ҷануби Лубнон шуд.

Дар ин рӯз бахшҳои васеъе аз сарзаминҳои ишғолии Лубнон озод шуд.

 

Барчасп