Июн 01, 2020 18:45 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазири ҷанги режими саҳюнистӣ бо сафири Америка дар Фаластини ишғолӣ

Вазири ҷанги режими саҳюнистӣ ва сафири Америка дар Фаластини ишғолӣ таи дидоре, дар бораи масалаи минтақаӣ, аз ҷумла тарҳи ишғоли бахшҳое аз Каронаи Бохтарӣ сӯҳбат карданд.

Бенни Гантс вазири ҷанги режими саҳюнистӣ ва яке аз нухуст вазирони чархишии кобинети эътилофии Тел-Авив, бо Девид Фредман сафири Америка дар Фаластини ишғолӣ дидор кард. 

Ба гузориши радиои бурун марзии Садои Хуросон ба нақл аз навиштаи рӯзномаи "Еруссалим Пост", Гантз ва Фредман дар ин дидор, дар бораи масоили минтақаӣ ва таҳаввулоти дипломатии таҳти дастури кори ду тараф сӯҳбат кардаанд. 

Бо инки ҳанӯз ҷузъиёти расмӣ аз муҳтавои мавриди баҳси ин ду нафар мунташир нашуда, аммо бархе аз манобеъ мегӯянд, ки Гантз ва Фредман дар бораи тарҳи Тел-Авив барои ишғоли бахшҳои бузурге аз Каронаи Бохтарӣ сӯҳбат кардаанд. 

Гантз низ дар саҳифаи Твиттери худ бо эъломи ин хабар, дидор бо сафири Америкаро "дидори кори муҳиме" тавсиф кард. 

Режими саҳюнистӣ баъд аз шиносоии Қудс ба унвони пойтахти ин режим тавассути Америка ва интиқоли сафорати ин кишвар аз Тел-Авив ба Қудс, бо ҳимоятҳои давлати Трамп қасд дорад 30 фоизи Каронаи Бохтарии Фаластинро ба қаламрави худ мулҳақ ва онро расман ишғол кунад. 

Мақомот ва гуруҳҳои фаластинӣ ин иқдомро бахше аз тарҳи зидди Фаластинии Америка мавсум ба "муомилаи аср" медонанд ва ба ҳамин сабаб хостори қатъи ҳамкорӣ бо Америка ва Исроил ҳастанд.

Ташкилоти худгардон ин ҳафта эълом кард, ки ҳамкориҳои амниятӣ ва иттилоотӣ бо Тел-Авив  ва Вашингтонро ба ҳолати таълиқ даровардааст.