Боздошти 2 саркардаи ДОИШ дар Мусил
Ҳашдушшаъби 2 саркардаи ДОИШ-ро дар Мусил боздошт кард.
Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз ИСНО, сервиси иттилооти амалиёти Найнаво ва Лашкари 33-и Ал-Ҳашд муваффақ шуданд ду саркардаи ДОИШ-ро дар шаҳри Мусил воқеъ дар шимоли Ироқ боздошт кунанд.
Дар баёнияи Ал-Ҳашд омадааст, ки яке аз ин саркардаҳо масъули пешини бомбгузории ДОИШ дар вилояти Найнаво будааст.
Неруҳои Ҳашдушшаъби аз авосити моҳи гузашта силсила амалиётҳоеро алайҳи унсурҳои ДОИШ дар вилояҳои Ал-Анбор, Найнаво, Салоҳиддин то марзҳои Ироқ ва Сурия оғоз карданд.
Ин созмон ба ҳамроҳи артиш ва дигар неруҳои низомии Ироқ дар ҳоли таъқиби боқимондаи аносури ДОИШ ҳастанд то бори дигар ин гурӯҳи террористӣ зуҳур накунад. Неруҳои Ал-Ҳашд дар навори марзӣ бо Сурия ҳузур доранд.
Ин дар ҳоле аст, ки шумори зиёде аз унсурҳои вобаста ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хостори ихроҷи неруҳои Ал-Ҳашд аз вилоятҳои мухталифи Ироқ буданд.
Ин афрод муддаӣ буданд, ки манотиқи мазкур аз вуҷуди ДОИШ поксозӣ шуда ва дигар ниёзе ба ҳузури неруҳои Ал-Ҳашд нест.