Июн 05, 2020 17:40 Asia/Dushanbe
  • 20 миллион яманӣ дар маърази ибтило ба корона  

Созмони Милали Муттаҳид аз эҳтимоли олуда шудани беш аз 20 миллион яманӣ ба вируси корона хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Барномаи тавсеаи Созмони Милали Муттаҳид эълом кард, 20 миллиону як ҳазор нафар аз шаҳрвандони яманӣ аз қаҳтӣ ва гуруснагии музмин ранҷ мебаранд ва дар маърази гирифтор шудан ба вируси корона ва бемории ковид-19 ҳастанд.

Бар асоси охирин омор дар Яман 419 нафар ба вируси корона мубтало шудаанд, ки аз ин миён 95 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Ба ин тартиб ҳудуди 23 дарсад аз мубталоён ба ковид - 19 дар Яман ҷони худро аз даст медиҳанд, ки аз ин назар Яман дар ҷаҳон бадтарин шароитро дорад.

Аз оғози таҷовузи Арабистон ва ҳампаймононаш ба Яман дар марти 2015 то кунун ҳазорон яманӣ кушта ва садҳо ҳазор тан овора шудаанд ва бар асоси гузориши Созмони Милали Муттаҳид қаҳтӣ дар ин кишвар ба бузургтарин фоҷеаи инсонӣ дар ҷаҳон табдил шудааст.

 

Барчасп