Сокинони Ал-Ағвор мусаммам ба муқобила бо тарҳҳои илҳоқ
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i54280-Сокинони_Ал_Ағвор_мусаммам_ба_муқобила_бо_тарҳҳои_илҳоқ
Сокинони минтақаи Ал-Ағвор, ки режими саҳюнистӣ ба думболи иҷроии ҳокимияти худ бар он аст, мутааҳҳид шуданд дар муқобили талошҳои ин режим барои кӯчондани худ истодагӣ кунанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 07, 2020 07:23 Asia/Dushanbe
  • Сокинони Ал-Ағвор мусаммам ба муқобила бо тарҳҳои илҳоқ

Сокинони минтақаи Ал-Ағвор, ки режими саҳюнистӣ ба думболи иҷроии ҳокимияти худ бар он аст, мутааҳҳид шуданд дар муқобили талошҳои ин режим барои кӯчондани худ истодагӣ кунанд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз ИСНА, рустои ҳалабинишини Айну Ҳиҷлаи минтақаи Ал-Ағвор бо ҳадафи кӯчонда шудани иҷборӣ аз манотиқи худ ҳамвора мавриди озору азияти режими саҳюнистӣ қарор мегиранд ва охирин иқдомоти ин режим рӯзи чаҳоршанбе буд, ки неруҳои низомии он ба рустои Айну Ҳиҷла дар шарқи Ариҳо дар минтақаи Ал-Ағвор ҳамла бурда ва ҳар ҳашт хонаи онро вайрон карданд.

Сокинони ин русто мегӯянд, мақомоти режими саҳюнистӣ ба манзури илҳоқи минтақа ва иҷроии ҳокимияти худ бар он, мехоҳанд онҳоро берун кунанд.  

Айну Ҳиҷлаи, Баҳрулмайитро ба теъдоде аз шаҳракҳои яҳудинишин муттасил мекунад.

Иброҳим Абудоҳук- яке аз сокинони Айну Ҳиҷла мегӯяд: Мо ғайр аз инҷо, ки солҳост дар он зиндагӣ мекунем ҷое барои сукунат надорем. Мақомоти режими ишғолгар ба ин баҳона, ки Айну Ҳиҷла дар манотиқи тақсимшудаи Ҷим ( ки бар асоси тавофуқи Женева таҳти контроли комили саҳюнистҳо аст) қарор дорад аз сокинон хостанд русторо тарк кунанд.

Вай тарки минтақаро рад кард ва гуфт: Дар ин минтақа хоҳем монд ва тарҳҳои ишғолгар дар бораи илҳоқи Ал-Ағвор ҳаргиз иҷроӣ нахоҳад шуд.

Ба гуфтаи масъулони режими саҳюнистӣ раванди илҳоқи бахшҳое аз Каронаи Бохтарӣ аз аввали июл оғоз мешавад.