Июн 09, 2020 10:22 Asia/Dushanbe
  • Рамазон Абдуллоҳ ҳамвора думболи авлавиятбахшӣ ба Фаластин  ва Муқовимат буд

Муовини дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон, Рамазон Абдуллоҳро шахсияте мухлис хонд, ки дар таърихи зиндагияш чизе ҷуз ҷиҳод ва Фаластин вуҷуд надошт.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, вай зимни эъломи инки Рамазон Абдуллоҳ ҳамвора барои ваҳдат талош мекард, афзуд: Вай омиле барои ин мавзӯъ буд авлавияти ҳама ҳамвора Фаластин ва Муқовимат бошад.   

Шайх Қосим афзуд: Шахсияте мухлис ва муҷоҳидро аз даст додем, ки дар таърихи зиндагияш чизе ҷуз ҷиҳод ва Фаластин вуҷуд надорад. Ин фақид ҳамвора бар ваҳдати Фаластин исрор дошт.   

Рамазон Абдуллоҳ шанбешаби ҳафтаи ҷорӣ пас аз як давраи беморӣ даргузашт ва пайкари вай дар урдугоҳи фаластинии Ярмук дар Димишқ ба хок супурда шуд.   

Ҳизбуллоҳи Лубнон якшанбе тайи баёнияе ба муносибати даргузашти дабири кулли собиқи Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин эълом кард, ки бо фиқдони Рамазон Абдуллоҳ, яке аз қуллаҳои баланди Муқовимат дар даврони муосир аз даст рафт.

Барчасп