Даргириҳо миёни фаластиниҳои сокини Яффа бо полиси режими саҳюнистӣ
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i54391
Манобеъ аз вуқӯи даргириҳое миёни садҳо муътаризи фаластинӣ дар шаҳри Яффа бо полиси режими саҳюнистӣ хабар доданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 10, 2020 19:51 Asia/Dushanbe
  • Даргириҳо миёни фаластиниҳои сокини Яффа бо полиси режими саҳюнистӣ

Манобеъ аз вуқӯи даргириҳое миёни садҳо муътаризи фаластинӣ дар шаҳри Яффа бо полиси режими саҳюнистӣ хабар доданд.

Садҳо тан аз фаластиниҳои сокини шаҳри Яффа дар арозии ишғолӣ тазоҳуротеро алайҳи тарҳи шаҳрдории Тел-Авив- Яффа барои хароб кардани гӯристони Алисъоф дар ростои иҷрои як проекти шаҳраксозӣ, тазоҳурот карданд.

Ин гӯристон мутааллиқ ба мусулмонон аст. Режими саҳюнистӣ аз душанбе хароб кардани ин гӯристон ва интиқоли аҷсод ба макони дигареро оғоз кардааст.

Муътаризон ҳамчунин алайҳи шаҳодати Айёд Алҳалоқ, ҷавони маълули фаластинӣ ба дасти нерӯҳои ишғолгари исроилӣ шиор сар доданд.

Муътаризон чархи мошинҳоро ба оташ кашиданд. Полиси режими саҳюнистӣ барои мутафарриқ кардани онҳо аз гази ашковар ва бомбаҳои савтӣ истифода кард.