Июн 10, 2020 20:00 Asia/Dushanbe
  • Эъломи манобеи исроилӣ аз ҷадвали замонӣ ва созукори пайвастани Каронаи бохтарӣ

Манобеи сиёсии режими саҳюнистӣ эълом карданд, ҷадвали замонӣ барои иҷрои тарҳи пайвастани бахшҳое аз Каронаи бохтарӣ ва дараи (Ғур)-и Урдун ба заминҳои ишғолӣ дар як бозаи замонӣ, аз моҳи июл то моҳи сентябр таъйин шудааст.

Ба гузориши ИСНА, манобеи сиёсии режими саҳюнистӣ эълом карданд, ки иҷрои тарҳи эъмоли ҳокимият бар Ғури Урдун ва Каронаи Бохтарӣ маонӣ ва ҷавониби густурдае дорад, зеро тавофуқ миёни эътилофи обӣ - сафед ва ҳизби Ликуд иҷоза медиҳад ин масъала танҳо аз якуми июл ба баъд ба раъй гузошта шавад ва ҳамвора рӯйи ин ҷавониб иқдомоте сурат мегирад ва ҳадаф ин аст, ки ин гом дар моҳҳои тобистон то ҳаддиаксар моҳи сентябр бардошта шавад.

Бенямин Натанёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ ду ҳафта пеш эълом карда буд, ки мавъиди ниҳоӣ барои иҷрои тарҳи илҳоқ якуми июл аст.

Ҳамчунин “Таймс Исроил” ба нақл аз масъулони аршади исроилӣ гузориш дод, Натанёҳу илҳоқи Ғури Урдун ва манотиқи дигарро ба марҳалаи баъд мавкул мекунад.

Бар асоси ифшогарии ин сайти исроилӣ, нахуствазири режими саҳюнистӣ қасд дорад илҳоқи се конуни бузурги шаҳраксозӣ дар Каронаи бохтариро қабл аз гомҳои баъдӣ эълом кунад.

Масъулони исроилӣ гуфтанд, Натанёҳу ибтидо илҳоқи се конуни шаҳраксозӣ дар Каронаи бохтариро эълом хоҳад кард, аммо Ғури Урдун ва манотиқи шаҳраксозии дигар ҷузви ин марҳала нестанд. Конунҳои шаҳраксозӣ шомили Маолия Адумим дар шарқи Қудс, Ариэл дар шимоли Каронаи бохтарӣ ва Ғуш Атсиюн дар ҷануби он ҳастанд. Ин конунҳо шомили беш аз 80 дарсади шаҳракнишинони Каронаи бохтарӣ мешаванд, ки давлатҳои қаблӣ саъй дар илҳоқи онҳо дар чорчӯби табодули заминҳое бо фаластиниҳо доштанд.