Июн 13, 2020 17:54 Asia/Dushanbe
  • Нигаронӣ аз афзоиши  террори олимони динӣ дар Афғонистон

Афзоиши террори уламо ва рӯҳониён дар Афғонистон, нигаронии мардум, шахсиятҳо ва масъулони ин кишварро ба думбол доштааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, ифротгароён дар идомаи террорҳоии занҷираии худ ҷумъашаб дар вилояти Тахор мавлавӣ Айнуллоҳ Халиёнӣ ва рӯзи ҷумъа низ мавлавӣ Азизуллоҳ Муфлиҳро дар Кобул ба қатл расонданд.

Бар асоси ин гузориш, гурӯҳе аз уламо, мардум ва бархе сафоратхонаҳои мустақар дар Кобул бо маҳкум кардани ҳамла ба уламои Афғонистон иқдоми муассири давлатро барои таваққуфи ин ҷиноятҳо хостор шуданд.

Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Кобул ҳам дар баёнияе бо маҳкум кардани ин террорҳо, ҳушёрии мардум ва масъулони Афғонистонро дар баробари  тавтеаҳои душманон хостор шуд.

Мавлавӣ Абдулазиз Муфлеҳ, имоми масҷиди ҷомеи Ширшоҳи сурӣ, ки рӯзи ҷумъа дар Кобул бар асари таркиши бомби ҷосозишуда дар меҳроби масҷид ба ҳамроҳи ду писараш кушта шуд, ҳамвора аз неруҳои амниятӣ ва давлати Афғонистон ҳимоят мекард ва гуфта буд агар лозим шавад бо либоси  неруҳои амниятӣ  дар сангарҳои ҷанг  алайҳи террористҳо  ҳузур хоҳад ёфт.

Ҳафтаи гузашта низ мавлавӣ Муҳаммадаёзи Ниёзӣ- устоди донишгоҳи Кобул ва имоми масҷиди Вазирмуҳаммади Акбархон дар таркиши бомби ҷосозишуда  дар ин масҷид кушта шуда буд.

 

Барчасп