Иҷрои таҳримҳои Амрико алайҳи Сурия
Таҳримҳои давлати Амрико алайҳи Сурия амалӣ шуд.
Ба гузориши шабакаи хабарии “Алҷазира”, мақомоти давлатии Амрико эълом карданд, ки қонуни таҳримии ин кишвар алайҳи Сурия, мавсум ба “Сезар” аз имрӯз, чаҳоршанбе амалӣ мешавад.
Бар асоси ин гузориш, иҷрои ин қонун бо ҳушдорҳо дар хусуси бурузи буҳрони гуруснагӣ дар Сурия ҳамроҳ шудааст.
Гир педерсон, фиристодаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури Сурия рӯзи сешанбе дар Шӯрои амният гуфт, ки 9 миллиону 300 ҳазор сурӣ аз амнияти ғизоӣ бархурдор нестанд ва ду миллион нафар низ дар остонаи чунин буҳроне қарор доранд. Ва агар шароит ба ҳамин ривол пеш равад, ин кишвар бо буҳрони гуруснагӣ мувоҷеҳ хоҳад шуд.
Намояндагони Русия ва Чин дар Созмони Милали Муттаҳид низ рӯзи сешанбе дар Шӯрои амнияти СММ аз ин қонуни таҳримии Амрико алайҳи Сурия ба шиддат интиқод карданд.
Конгресси Амрико дар таърихи 11 декабри 2019, пас аз се соли ихтилоф байни ду ҳизби ҷумҳурихоҳ ва демократ, тарҳи таҳримҳои худ алайҳи Сурия, маъруф ба қонуни “Сезар” -ро ба тасвиб расонд.