Июн 18, 2020 10:46 Asia/Dushanbe
  • Тақвияти мавозеи артиши Сурия дар Ҳумма устони Риқаҳ

Артиши Сурия мавозеи худро дар Ҳумма устони Риқаҳ тақвият кард.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон , артиши Сурия таҷҳизоти низомиро ба минтақаи Айн Исо дар Ҳуммаҳ шимол ғарби Риқаҳ гусел кардааст.

Манбаъҳо гуфтанд, таҷҳизот ва неруҳо дар наздикии ҷодаи байналмилаллии Ҳалаб - Ҳасакаҳ дар шимоли шаҳри Айн Исо мустақар шуданд ; ҷое ,ки неруҳои Русия низ аз октиябри гузашта дар онҷо ҳузур доранд.

Таҷҳизоти артиш шомили силоҳҳои тупхонаии сангин, неруҳои пиёданизом ва неруҳои зиреҳӣ мешавад.

Аз суи дигар , ҳамросто бо ин гузориш , манбаъҳо гуфтанд , муздарон таҳти ҳимояти Туркия ,ки номи артиши миллиро рӯи худ гузоштаанд дар Телабиз иқдом ба ҳамалоти тупхонаӣ ба минтақаи Айни Исо ҳамзамон бо расидани неруҳо ва таҷҳизоти артиши Сурия карданд ,ки талафоте надоштанд.

Артиши Сурия  октиябри соли гузаштаи милодӣ баъд аз оғози амалиёти низомии Туркия дар шимоли Сурия вориди шарқи Фурот шуд.