Таъкиди Парлумони Ироқ бар лузуми иҷрои мусаввабаи ихроҷи низомиёни амрикоӣ
Июн 18, 2020 16:59 Asia/Dushanbe
Ҷамъе аз намояндагони Парлумони Ироқ, бар лузуми ихроҷи низомиёни амркиоӣ аз он кишвар, бар асоси мусаввабаи Парлумони Ироқ таъкид кард.
Ба гузориши Тасним, Бадр Соеъ, узви Комиссисяи амният ва дифои парлумони Ироқ гуфт: Ҳайати музокиракунандаи ироқӣ бо Амроико бояд огоҳ бошад, ки Парлумони Ироқ тасмими бидуни бозгаште дар хусуси лузуми ихроҷи нерӯҳои бегона, аз ҷумла нерӯҳои амрикоӣ гирифтааст.
Ҳомид Алмусавӣ, намояндаи эътилофи "Фатҳ" низ таъкид кард, аз тарафи давлат ва мардуми Ироқ, ҳузури низомиёни амрикоӣ дар он кишвар ботил ва мардуд ва ба манзалаи ишғоли хоки Ироқ аст.
Барчасп